МЕТОД ВА ВОСИТАҲОИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ
Комплекси таълимї-методї дар асоси стандарти давлатии таълимии тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон барои донишљўёни ихтисосњои 1-40.01.01-02 – системањои автоматикунонидашуда ва 1- 40.01.02-02 – технология ва низоми иттилоотї (дар иќтисодиёт) пешбинї ва тайёр карда шудааст. Дар комплекси таълимї-методї мақсад ва вазифаҳои фанни њифзи технологияињои иттилоотї¸ метод ва воситањои њифзи иттилоот, њифзи иттилоот аз вирусњои компютерї, рамзбандї ва рамзкушоии иттилоот, мавқеи он дар љараёни таълим нишон дода шудааст. Инчунин дар он тавсияњои методї барои омўзгорон ва донишљўён оид ба гузаронидани машѓулиятњои лексионї, семинарї, корњои лабораторї, кори мустаќилонаи донишљуён бо роњбарии устод, конспекти лексияњо, маводњо барои дарси семинарї ва кори мустаќилонаи донишљў бо роњбарии устод, саволномањо барои худомўзї, супоришњо (масъалањо) ва саволномаи тестї оварда шудаанд. Комплекси таълимї-методии мазкур барои донишљўён, аспирантон, унвонљўён ва омўзгорон омода карда шудааст.