БА ДОНИШГОҲАТОН ХУШ ОМАДЕД!

  09.04.2020  590

Дар чорабинии муаррифӣ хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Зимни ширкат хатмкунандагони макотиби миёна ва литсею гимназияҳои ҳудуди пойтахти кишвар бо имконият ва шароити таҳсилу илмомӯзӣ дар донишгоҳ, ҳамзамон аз дастовардҳои назарраси таълимгоҳ, ки дар саҳни бинои асосӣ аз ҷониби факултаҳо ба маърази намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Хатмкунандагони ташрифоварда, ки довталабон ба курсии донишҷӯӣ ба ҳисоб мераванд аз ҷониби масъулини факултаҳо ва раёсати донишгоҳ дар бораи толорҳои лексионии замонавӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, компютерӣ, толори варзишии замонавӣ, маркази таълимии забономӯзӣ, китобхонаи анъанавӣ-электронӣ, лабараторияҳои биологиву химиявӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорони ботаҷрибаи донишгоҳ маълумотҳои зарурӣ ба самъашон расонида шуд.

Ҳамзамон довталабони ташрифоварда аз толорҳои лексионии замонавӣ, синфхонаҳои лингофонӣ ва толори варзишии замонавӣ, маркази таълимии забономӯзӣ, китобхонаи анъанавӣ-электронии донишгоҳ дидан намуда, изҳор доштанд, ки барои мо довталабон идомаи таҳсил дар чунин шароити беҳамтои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни шараф аст.

Ҳамин тариқ, «Рӯзи дарҳои кушод» дар таълимгоҳамон дар сатҳи олӣ роҳандозӣ шуда, имконият фароҳам овард, то хатмкунандагони макотиби миёна бо усули таълим ва шароиту имконияти таҳсил дар ин махзани илм аз наздик шинос шаванд.